БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
18 июни соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар/раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод аз рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ боздид ба амал оварданд.
Нахуст масъулин аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дидан намуда, бо сифати корҳои иҷрошуда ва сатҳи омодагии иншоот аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоотҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки муассисаи мазкур дар кӯчаи 1 Майи шаҳри Бохтар бунёд гардида истода, барои 200 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Масъулин ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супоридани иншоот ба сохтмончиён ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Боздид аз дигар иншооти ҷашнӣ низ идома ёфта, рафти корҳои ободониву созандагӣ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор қарор дорад.
**АКСҲО аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар**



