Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита

Рӯзи 9 июли соли 2021 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаи арзёбии раванди иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои соли 2020–2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ гардидааст, дар ҷараёни иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, ки тариқи лавҳаи электронӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, КВД “Моҳии Тоҷикистон”, ШСХК “Барқи Тоҷик”, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, намояндагии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр, ки ба амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025 масъуланд, дар ҷаласа ширкат доштанд.
Қобили зикр аст, ки мавзуи рӯзнома аз ҷониби Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бахши иқтисодӣ (саноат, соҳибкории хурду миёна, сохтмон, кишоварзӣ), бахши иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва фароғат, сайёҳӣ, варзиш), бахши инфрасохтор (хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ, нақлиёт, барқ), муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда пурра таҳлил гардида, аз масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳа ба соҳа пурсида шуда, барои ҳалли масъала вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби Ҳайати мушовараи Кумита қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.