Татбиқи Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист дар ноҳияи Рашт

Санаи 25 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Serena Hotel” таҳти роҳбарии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист дар водии Рашт баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумита Қосим Роҳбар, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор иштирок доштанд.

Лоиҳаи беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашт бо дастгирии маблағгузорон- Оҷонсии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд ва Шабакаи Рушди Оғохон  мавриди амалигардонӣ қарор дорад. Фонди Тоҷикистонии Оғохон, шуруъ аз соли 2018, дар ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор фаъолияташро тавассути лоиҳаи мазкур теъдоди муайяни омӯзишҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, идоракунии захираҳои офатҳои табиӣ ва дастраси ба маблағ (қарзҳо бо фоизи паст 12% солона) амали гардонида истодааст. Дар давраи фаъолияти лоиҳаи мазкӯр, дар маҷмуъ 147 деҳа, 20816 хонавода ва 139429 нафар аҳолиро фаро гирифтааст,ки 32 фоизи умумии аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаро дар бар гирифтааст.