Гуруҳи кории Кумитаи рушди маҳал дар шаҳри Кӯлоб

Гуруҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 15 то 19 феврали соли 2021 сафари корӣ анҷом дода, омӯзиш ва таҳлилҳои мушаххас гузарониданд. Таҳлилҳо дар асоси маълумотҳои оморӣ, маводҳои пешниҳоднамудаи  масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  таҳлил гардиданд, ки асосан   ба таъминоти аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ, полезӣ ва таъмини фаъолияти инфрасохтори канализатсия, вусъат бахшидани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла кулолгарӣ, заргарӣ ва дар замина муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро дар бар гирифтанд.