Нишасти матбуотӣ дар Кумита

Тибқи Нақшаи тасдиқгардида рӯзи 2 феврали соли 2021, соати 0900 дар толори калони Кумита таҳти роҳбарии Раиси Кумита нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид. Ҳамзамон нишасти матбуотиро Раиси Кумита ифтитоҳ намуда, роҳбарият ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муаррифӣ гардида, ба саволҳои рӯзноманигорон посухи  пурра гардонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *