Вохурии кормандони масъули Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҷамъиятӣ “Ҳайати Шафқат” (Mercy Corps)

Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2019, №341(29-11) оид ба гузаронидани вохӯрӣ бо намояндагони Ташкилоти ҷамъиятӣ “Ҳайати Шафқат” (Mercy Corps) кормандони масъули Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 марти соли 2019, соати 15:00 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои зерин муҳокима карда шудаанд, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, нуқтаҳои партовҳои сахти маишӣ ва имконияти коркарди он дар минтақаҳо, ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вобаста ба масъалаҳои дар боло зикргардида.

Дар натиҷа иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омаданд, ки минбаъд гузаронидани вохӯриҳои корӣ ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ аст.