Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018

ДУШАНБЕ, 29.01.2019.

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2018, №26/10-179 дар бораи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 фармоиши Раиси Кумитаи рушди маҳал таҳия гашта, аз 21 декабри соли 2018, №100 тасдиқ гардидааст.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал тибқи Нақшаи тасдиқгардида рӯзи 29 январи соли 2019, соати 1100 дар бинои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Қурбонзода Бег Хол баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок намуда, саволҳои додашудаи онҳо қонеъ гардонида шуд.