Табрикоти Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосим Роҳбар бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 ноябри соли 2018 шаҳри Душанбе

Ҳамкорони гиромӣ!

Санаи 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 24 сол сипарӣ мегардад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ба даст овар­дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ ва рушди маҳал нақши барҷаста бозид.

Дар Конститутсия таъмини соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд.

Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад.

Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд.

Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Санаи  22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода шуда, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.

Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд.

Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як мову шумо ва шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар­ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд.

Зеро дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгириф­таи сиёсати давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси кишварро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намуда дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзем.

Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо, кормандон, рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдко­рона минбаъд низ илҳомбахши зиндагии ҳар як мову шумо хоҳанд буд.

Ҳамаи шумо, кормандонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозии поянда орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед, кормандони азиз!