Табрикоти Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон

7 сентябри соли 2018, ш. Душанбе

Ҳамкорони азиз!

Пеш аз он ки дар хусуси истиқлолият ҳарф занем,бояд дарк намоем,ки  Истиқлолияти миллӣ  ба мо ва мардуми мо чӣ неъматеро фароҳам овард.

Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки Истиқлолият ба мо давлатеро, ки дар он  ниёгонам даҳҳо қарн қабл қудрат доштанд, ҳукумат мекарданд, бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бозгардонд. Давлати мустақиле, ки  бо дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳатто абарқудратҳо, баробарҳуқуқ мебошад. Доштани давлат барои як миллат бузургтарин ифтихор аст. Беҳтарин ва асоситарин доди Истиқлолият барои мо  ҳамин аст.  Истиқлолият неъматест, ки дар тӯли таърих барои он мардумон бо қимати ҷон мубориза кардаанд. Истиқлолият ба ҳар як шаҳрванд  шинохти  ҷаҳони муосирро имкон дод. Чунки имрӯз ҳар яки мо  метавонем озодона ба дигар кишварҳои ҷаҳон сафар кунем, фарзандони худро на танҳо дар кишвари худ, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ барои таълими илм фиристем. Хулоса,  Истиқлолият ба мо  Ватан дод, Миллат дод, марзу бум дод ва  Озодию соҳибихтиёриро тақдим намуд.

Истиқлолият  волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, яъне рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ  пайваст ва 9 сентябр расман ҳамчун “Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Ҳоло пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию  давлатдории  мустақилона  моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

Душвортарин муаммои мо дар зарфи бисту ҳафт  сол ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам  омад,  ки  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шуданд.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  қувват  гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастам, ки дар остонаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони бонангу номуси Кумита рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини ҳадафҳои стратегии давлат ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.

Дар ин ҷода ҳамаи Шумоёнро бо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба ҳар як хонадони Шумо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!